Ҳарчанд қариб 50 фоизи ҳодисаҳои нохуш солҳои қаблӣ дар НБО Рогун мушоҳида мегардид, баъди ба роҳ мондани назорати шабонарузӣ дар сохтмони мазкур ҳодисаҳои нохуш хушбахтона кам шуда, дар нимсолаи аввали соли равон танҳо ду ҳодисаи ҷароҳатбардорӣ ба қайд гирифта шудааст. Аммо дар корхонаву иншооти дигари зериназоратии Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли 2023 30 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 26 нафар ҳалок шуда, 21 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Ин нуктаро Сардори Хадамот Санъат Раҳим имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён намуд.
Таҳлили ҳодисаҳои нохуши рухдода вобаста ба минтақаҳои ҷумҳурӣ нишон медиҳад, ки 63,5 фоиз ба вилояти Суғд, 3,5 фоиз ба вилояти Хатлон, 23 фоиз ба ноҳияҳои обеи ҷумҳурӣ ва 10 фоиз ба корхонаҳои шаҳри Душанбе рост меояд. Зимни посухи суолҳои хабарнигорон Сардори Хадамот Санъат Раҳим афзуд, ки сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш – ин бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо дар ҷойи ҳодиса, беаҳамиятии ҷабрдидагон ҳангоми кор бо иншооти хатарнок, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноатӣ дар ҷараёни кор бо иншооти истеҳсолии хатарнок, риоя накардани технологияи коркарди кон, ҳамчунин надоштани мутахассисони соҳавӣ мебошанд.
Дар нимсолаи аввали соли 2023 166 нафар шахсони ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеии корхонаҳои сабтиномшуда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 890 204 сомонӣ ҷарима баста шуданд. Ҳамчунин ба 47 нафар зарардидагон (аз ҷумла ба оилаҳои 26 нафар фавтидагон) аз тарафи корхона, иттифоқҳои касаба ва шахсони воқеӣ ба маблағи 5 млну 48 ҳазор сомонӣ кўмакҳои молӣ расонида шудааст.
Дар охир таъкид карда шуд, ки вобаста ба саноатикунонии мамлакат ва афзоиши корхонаҳои саноатӣ назоратро дар самти бехатарӣ бояд бештар кунанд ва ҳар як роҳбару коргар ба ин муваззаф гардидаанд.
Шоистаи Аҳмад
радиои “Тоҷикистон”