Ҳарифони ҷудокорони тоҷик дар Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон муайян гардиданд

Рӯзҳои 27-30 июл дар шаҳри Тошкенти Ӯзбекистон мусобиқаи Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо миёни наврасону ҷавонон баргузор мешавад.

Дар мусобиқа миёни наврасон 86-варзишгар аз 4-кишвар ва миёни ҷавонон 97-варзишгар аз 3-кишвар иштирок менамоянд.
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон миёни наврасон 33-варзишгар ва миёни ҷавонон 49-варзишгарро ба Тошкент сафарбар кардааст.

Мусобиқа тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо аз рӯи 16-вазн миёни наврасон (8-вазн писарон, 8-вазн – духтарон) ва 14-вазн миёни ҷавонон (7-вазн писарон, 7-вазн духтарон) баргузор мешавад.