Дар шашмоҳаи аввали соли 2023 Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз маблағҳои буҷавӣ аз рўи 27 лоиҳа ба маблағи 6 млну 105ҳ 569 сомонӣ дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, гидрогеология ба роҳ монд. Ҳамчунин корҳои шартномавӣ аз рўи 149 лоиҳа ба маблағи 11 млну 136ҳ 567 сомонӣ ва корҳои пудратӣ ба маблағи 85ҳ 323 сомонӣ ба анҷом расонида шуд. Дар ин маврид Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Дар самти корҳои гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ дар объекти «Кадастри давлатии об» аз ҷониби ду корхонаи вохидӣ мушоҳидаҳо гузаронида шуданд, ки яке дар шимол ва дигар дар ҷануби мамлакат мебошад. Мушоҳидаҳои аввала асосан дар 16 пармачоҳ, мушоҳидаҳои реҷавӣ дар 59 обанбор ва 222 пармачоҳ, мушоҳидаҳои такрорӣ ждар 185 обанбор ва 38 пармачоҳ иҷро гардида, 214 маҳак барои гузаронидани ташхиси кимиёвӣ гирифта шуд.
«Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хадамоти геологияи Россия барномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид», – таъкид дошт дар идомаи нишасти матбуотӣ Сардори Саридора Илҳомҷон Оймуҳаммадзода. Максади ин ҳамкорӣ истифодаи усулҳои муосири омўзиши конҳои канданиҳои фоиданок ва обҳои зеризаминӣ мебошад. Дар ояндаи наздик нақшаи ҳамкорӣ амалӣ карда мешавад ва аз ҷониби Россия мутахассион ба Тоҷикистон ташриф меоранд ва дар навбати худ мутхасассисони Тоҷикистон ба Федератсияи Россия мераванду табодули таҷриба мекунанд, яъне ҳадафи асосӣ пеш бурдани фаъолияти корӣ дар самти геологӣ дар ҳудуди ҳарду давлат мебошад.
Аллакай бо иштироки мутахассисони Хадамоти геологии Россия корҳои саҳроӣ амалӣ карда шуд, истифодаи усули замонавии намунабардорӣ ҷихати дар ташхисгоҳ таҳлил кардани зарраҳои хурди маъдан ба роҳ монда шуд. Натиҷаи таҳлилҳо ба фонди давлатии итилооотиии геологӣ супорида мешаванд.
Дар доираи рақамикунонии иктисодиёт ҳамкории Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин ҳамкориро бо дигар кишварҳо ба роҳ мондааст.
Ш. Аҳмад
радиои “Тоҷикистон”