Пирӯзии тими мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» муқобили Қирғизистон

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023», ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардида истодааст, пирӯзии дуюмашро ба даст овард.

Дар даври сеюми мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» дастпарварони Пайрав Воҳидов, тавонистанд ташаббусро ба даст гирифта, бо ҳисоби 5:3 пирӯз шаванд.

Баъди ин пирӯзӣ тими милли футзали Тоҷикистон бо касби 6-имтиёз дар зинаи сеюми ҷадвал ҷой гирифтааст.