Илҳомҷон Оймуҳаммадзода: Ба 100 хоҷагӣ тавсия дода шуд, ки аз ҷойҳои хавфнок ба маконҳои амн бикӯчанд

Дар шашмоҳаи аввали соли 2023 Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи лоиҳаи “Умури давлатии мушоҳидаи равандҳои экзогенӣ-геологӣ барои солҳои 2020-2025” дар 169 деҳаи ҳудуди шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тадқиқоти муҳандисӣ-геологӣ гузаронид. Дар натиҷа ба 100 хоҷагӣ барои аз ҷойҳои хавфнок ба ҷойи бехавф кӯчидан пешниҳод дода шуд. Дар ин маврид Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Тадқиқоти муҳандисӣ-геологӣ, аз ҷумла дар  шаҳрҳои Душанбе – 5 мавзеъ ва кӯча, Роғун – 24 деҳа, Турсунзода – 1, Кӯлоб – 2, Панҷакент -5, Конибодом – 1, Хоруғ — 1, ноҳияҳои Варзоб – 1, Рашт – 1, Нуробод – 2, Файзобод – 5, Данғара – 5, Ҳамадонӣ – 1 , Хуросон – 7 , Қубодиён – 12, Шаҳритус – 15, Дӯстӣ – 11, Носири Хисрав – 6, Абдураҳмони Ҷомӣ – 20, Панҷ – 15, Вахш – 17 , Деваштич — 1, Айнӣ — 2, Кӯҳистони Мастчоҳ — 2, Ашт — 3, Шаҳристон — 2 ва Дарвоз– 1 деҳа гузаронида шуданд.

Бояд гуфт, ки дар асоси дархостҳо соли 2021 мутахассисони Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 886 деҳа, маҳалла ва кӯчаҳои шаҳру навоҳии мамлакат тадқиқоти муҳандисӣ-геологӣ гузаронида, ба 231 хоҷагӣ тавсия доданд, ки аз ҷойҳои хавфнок ба маконҳои амн кӯч банданд.