Дар нимсолаи якуми соли 2023 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 871 адад муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 79 муроҷиати хаттӣ 105 муроҷиати шифоҳӣ ва 8 муроҷиати электронӣ мебошад. Ин нуктаро имрӯз Умед Бобозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомот дар нимсолаи якуми соли равон дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигоронӣ кишвар иброз намуд.
Ба иттиллои мақомоти мазкур дар 3 марказҳои вилояти ҷумҳурӣ намояндагиҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фаъолият менамоянд. Дар ин давра аз ҷониби мақомоти мазкур 112 машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ гузаронидаанд, ки дар онҳо зиёда аз 2000 нафар иштирок намуданд. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба ҳифзу химояи хукуки кудакон дар тамоми самтхо корҳои заруриро анҷом дода, ҳукук ба сатҳи кофии зиндагӣ, ғамхории волидайн ва дар оила тарбия гирифтани кудак чораҳои зарурӣ меандешад.
Ба иттилои дафтари Ваколатдор, шумораи муроҷиатҳо дар 6 моҳи аввали соли гузашта ҳудуди 540 ададро ташкил дода, таносуби муроҷиатҳои мусбат ҳалшуда дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ камтар аз 4%-ро ташкил медиҳад. Дар мавриди он, ки одатан шаҳрвандон аз рӯи кадом масъалаҳо ба ваколатдор муроҷиат мекунанд, тавзеҳ дода шуд, ки муроҷиатҳо марбути ҳуқуқ ба манзил, таъминоти иҷтимоӣ, зӯроварӣ дар оила ва дигар масъалаҳо дахл доштанд. Аз ҷумла ба иттилои Ваколатдор дар нимсолаи аввали соли равон муроҷиатҳо дар мавриди пешгирии хушунати оилавӣ афзоиш ёфтаанд. Агар дар 6 моҳи аввали соли гузашта барои пешгирии хушунати оилавӣ 2 муроҷиат ба ваколатдори ҳуқуқи инсон сабт шуда бошад, соли равон ин нишондод ба 5 адад расидааст.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъкид кард, ки тибқи нақшаҳои худ ва дар натиҷаи муроҷиати шаҳрвандон низ санҷишу мониторингҳо гузаронда мешаванд. Мавриди зикр аст, ки тибки фармони Президенти ҶТ аз 29 апрели соли 2023 дар дастгохи ба ҳуқуқи инсон 2 шуъбаи нав шуъбаи хифзи давлатии хукук ба баробари ва озоди ба табъиз ва шуъбаи хифзи давлатии хукуки истеъмолкунандагони хизматрасонихои молияви ва хукуки сохибкорон таъсис дода шуда фаъолияти онхо рохандози шудааст.
Ширин Иноятова
радиои “Тоҷикистон”