Дастаи ҷавонони «КМВА» ғолиби Ҷоми «Ҷавонӣ» гардид

Мусобиқаи Ҷоми «Ҷавонӣ» миёни дастаҳои ҷавонони лигаи олии Тоҷикистон бо пирӯзии дастаи ҷавонони «КМВА»-и шаҳри Душанбе ба анҷом расид.

Дар мусобиқаи Ҷоми «Ҷавонӣ», ки дар ду марҳила – муқаддамотӣ ва ниҳоӣ баргузор шуд, 10-дастаи чемпионати Тоҷикистон миёни ҷавонон иштирок намуданд.

Дар вохӯрӣ барои ҷойи сеюм дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бар тими «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Аз ҳайати дастаи ғолиб Ҷаҳонгир Ҷӯраев муаллифи дубл гардид.

Дар бозии финали мусобиқа тими ҷавонони «КМВА»-и пойтахт бар дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо натиҷаи минималии 1:0 ғалаба намуда, унвони қаҳрамониро ба даст овард. Голи ягона ва пирӯзиоварро дар дақиқаи 12-уми рақобат Қурбоналӣ Муродов ба самар расонид.

Дар маросими ҷоизасупорӣ ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов ва раиси Кумитаи тартиботӣ-интизомии ФФТ Тоҳир Нурзода иштирок доштанд.

Қурбоналӣ Муродов аз «КМВА»-и Душанбе беҳтарин бозингари бозии ниҳоии Ҷоми «Ҷавонӣ» эътироф шуд. Ба ғайр аз ҷом ба ғолиби мусобиқа – «КМВА» 30-ҳазор сомонӣ ҷоизапулӣ тақдим гардид. Иштирокчии бозии ниҳоии мусобиқа – «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода 20-ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ – дастаи «Эсхата» бо 10-ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд.