То даҳаи аввали моҳи августи соли равон ТВ Кӯлоб ба формати НD гузаронида мешавад. Ин нуктаро раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ имрӯз зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд. Ӯ ҳамчунин илова кард, ки ТВ Бадахшон ҳам то охири ҳамин сол ё нимсолаи аввали соли 2024 пурра ба формати НD гузаронида мешавад.
Дар нишасти матбуотӣ Нуриддин Саид раиси кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ гуфт, ки барои сохтмони бинои баланошёнаи истиқоматӣ барои кормандони Кумитаи мазкур аллакай замин ҷудо гардида, лоиҳаи бино пешниҳод гардидааст ва пас аз интихоби лоиҳаи беҳтарин корҳои сохтмонӣ оғоз мешавад. Ҳамчунин Нуриддин Саид қайд намуд, ки Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ ният дорад, ки барои донишҷӯёни фаъоли факултаи журналистикаи ДМТ стипендия ташкил намояд.
Ҳамзамон дар нишасти хабарии ин кумита гуфта шуд, ки дар телевизионҳои Тоҷикистону Сафина ва дигар шабакаҳои телевизиёнӣ зиёд истифода шуданӣ реклама ба назар мерасад. Вале масъулин гуфтанд, ки дар шабакаҳои телевизионӣ аз 10 дақиқа зиёд реклама пахш карда намешавад. Ба гуфтаи Нуриддин Саид раиси кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ маблағҳои аз ҳисоби реклама ба дастомада 15 фоиз маблағи андоз дода мешавад ва қисми дигар барои тариқи шарнома ба кор гирифтани шаҳрвандон сарф мегардад, инчунин дастаи рақсии “Гулрез” пурра аз ҳамин ҳисоб маблағгузорӣ мегардад ва таҷҳизоти нав барои тамоми шабакаҳои телевизион ва радио харидорӣ карда мешавад.
Ҳамчунин дар нишасти хабарии Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ масъалаҳои кам будани барномаву гузоришҳои танқидӣ дар телевизионҳо ва кам будани барномаҳои мустақим мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Гуфта шуд, ки мушкилоти зикр шуда қисман ҷой доранд ва масъулини кумита талош менамоянд, ки барои бартараф кардани онҳо чораҳои мушаххас андешанд.
Сарвинози Сайидалӣ,
радиои Тоҷикистон