13 июл бо иштироки васеи роҳбарони сохторҳои марбутаи соҳа ва корхонаву ҷамъиятҳои нақлиётии мусофирбари пойтахт бо мақсади беҳтарсозии сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии пойтахт ва пӯрзур намудани назорати фаъолияти ронандагон дар хатсайрҳо ҷаласа доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» хабар доданд.
Дар ҷаласа нахуст фаъолияти соҳа дар давраи сипаригардида мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, доир ба корҳои иҷрошуда дар ин самт ҳисоботи роҳбарони сохторҳои дахлдор шунида шуд.
Таъкид гардид, ки бо инобати пешравиҳои назарраси соҳа дар давраи сипаришуда то ҳанӯз камбудиҳо дар ин самт ба мушоҳида мерасанд.
Дар ҷаласа вобаста ба рух додани садамаҳои нохуши нақлиётӣ бо иштироки ронандагони нақлиёти мусофирбар, ҳолати техникии аксари воситаҳои нақлиёт, ивази хати сайр, намои зоҳирии воситаҳои нақлиёт, либоси ягонаи расмии ронандагон ва ғайра изҳори нигаронӣ шуда, ба роҳбарони сохторҳои дахлдори соҳа ва корхонаву ҷамъиятҳои нақлиётии мусофирбари пойтахт дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо ва нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти мусофирбар дар пойтахт тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Ҳамчунин барои дар сатҳи хуб гузаронидани чорабиниҳои сиёсию фарҳангии дар пешистода омодагии ҳамаҷониба дида, бо дарки масъулияти баланди касбӣ раванди хизматрасонии ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбарро дар хатҳои сайр пайваста назорат намоянд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 июл зимни суҳбат бо кормандони якчанд воҳиди сохтории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои зиёди қонуншиканӣ зимни идораи нақлиёт бо рақамҳои қалбакӣ, бе рақами қайди давлатӣ, итоат накардан ба талаботи қоидаи ҳаракат ва ҷиҳати тоза намудани сафи ҳайати шахсии Бозрасии давлатии автомобилӣ изҳори нигаронӣ намуда, супориш доданд, ки тамоми кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ аз аттестатсия гузаронида шаванд.
Ба роҳбарияти мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ дастур дода шуд, ки минбаъд зимни ба кор қабул кардан ба маҳорати касбӣ ва дониши мукаммали кадрҳо диққати ҷиддӣ дода шавад.