Бошгоҳи «Истиқлол» бо дасҳои «Насаф» ва «Пахтакор» бозиҳои санҷишӣ мегузаронад

Дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ бошгоҳи «Истиқлол»-и шаҳои Душанбе бо бошгоҳҳои Ӯзбекистон ду бозии санҷишӣ доир мекунад.

Қаҳрамони феълии Тоҷикистон дастаи «Истиқлол» барои баргузории ду бозии санҷишӣ бо дастаҳои Суперлигаи Ӯзбакистон ба мувофиқа расид. Дар қисми дуюми ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки аз 18-ум то 24-уми июл дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, дастаи «Истиқлол» рӯзи 19-уми июл дар шаҳри Қаршӣ бо дастаи «Насаф» ва рӯзи 23-юми июл дар Тошканд бо тими «Пахтакор» дидор анҷом медиҳад.