Сарвони тими мунтахаби Тоҷикистон – Аҳтам Назаров пас аз танаффуси нимсола дигарбора ба бошгоҳи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе баргашт.
Қаҳрамони бисёркаратаи кишвар бо ҳимоятгар Аҳтам Назаров, ки қаблан солҳои зиёд дар ҳайати дастаи «Истиқлол» ҳунарнамоӣ мекард, шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Охирин бошгоҳи футболбоз тими «Андиҷон»-и Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад.