Тими мунтахаби Тоҷикистон бозии дуюмашро низ дар мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» бо мусовӣ анҷом дод

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи даври дуюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» дар гурӯҳи «А» бо тими миллии Уммон рақобат намуд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Тошканд баргузор гардида, бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима ёфт. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 14-уми бозӣ аз зарбаи 11-метраи ҷаримавӣ (пеналтӣ) бозингари тими миллии Уммон Салоҳ Ал-Яҳёӣ боз кард. Дар лаҳзаҳои охири қисми аввали вохӯрӣ Ваҳдат Ҳанонов ҳисобро баробар кард.

Дар оғози қисми дуюми рақобат довари ин вохӯрӣ Кирилл Левникови рус баъди ба дасти Табрез Исломов расидани тӯб, ба ӯ корти зарди дуюмро нишон дода ӯро аз майдон хориҷ кард ва ба дарвозаи миллипушони тоҷик пеналтии дуюмро таъйин намуд. Зарбаи ҷаримавии 11-метраро нимҳимоятгари мунтахаби Уммон Муҳсин Солеҳ Ал-Ғасанӣ иҷро кард, ки дарвозабони бомаҳорати тоҷик Рустам Ятимов зарбаи иҷро намудаи ӯро баргардонд. Дар вақти боқимонда футболбозони тоҷик 10-нафара тавонистанд натиҷаро нигоҳ доранд.

Дар бозии дигари ин давр мунтахаби Ӯзбекистон бар тими Туркманистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Дастаи мунтахаби Ӯзбекистон дар ду бозӣ 6-имтиёз ба даст оварда, пеш аз муҳлат аз гурӯҳи «А» ба финали мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» роҳ ёфт. Мунтахаби Тоҷикистон 2-имтиёз дорад. Дастаҳои Уммон ва Туркманистон як холӣ ба даст оварданд. Акнун дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ тими миллии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон бозӣ мекунад. Ин рақобат рӯзи 17-июн дар варзишгоҳи «Бунёдкор»-и Тошканд баргузор мешавад.