Имрӯз дар МТМУ рақами 65 – уми ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” оғоз гардид. Дар ин давр 120 нафар хонандагони мактаб, 80 нафар донишҷӯён, 40 нафар омӯзгорони ғайри ихтисоси таърих ва 15 нафар довталабони касбу корашон гуногун иштирок менамоянд.
Соли аввал аст, ки бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» роҳандозӣ гардида истодааст. Имрӯз мувофиқи ҷадвали баргузории озмун хонандагони мактабҳои миёна аз санҷиш гузаронида мешаванд. Абдувалӣ Шарифзода мудири шуъбаи таърих ва техникаи институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буда, дар даври дуюми омуни мазкур ба ҳайси аъзои ҳакамон иштирок менамояд. Ба андешаи номбурда хонандагони мактабҳои миёна гарчанде, ки бо таёрӣ омада бошанд ҳам дар миёни 1092 саволи пешниҳодгардидаи озмун ҳастанд саволҳое, ки аз ҷиҳати руҳӣ ва педагогӣ барои хонандагони мактаб ҷавоб додани онҳо душворӣ меорад. Хуб мешуд, ки ба иштирокчиёни озмун мувофиқ ба синну солашон саволҳо омода карда мешуд.
Қайд кардан зарур аст, ки озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» барои баланд бардоштани худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ мусоидат мекунад. Ҳамчунин озмун метавонад завқи хонандагон, ҷавонон ва аҳолии кишварро ба китобхонӣ ва донистани таърихи гузаштаи худ бедор карда, эҳсоси Ватандӯстии онҳоро боло барад. Исломиддин Собиров хонандаи синфи 8 – уми гимназияи рақами 2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе мебошад. Ӯ аз баромади имрӯзаи худ қаноатманд аст ва умед дорад, ки ин даврро ҳам бо муваффақият гузашта, ба даври шаҳрӣ роҳхат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» дар чор давр баргузор гардида, ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур бо диплом, ҷоми ғолиб ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд. Озмун аз рӯи як наминатсия миёни чор қишри аҳолии кишвар гузаронида мешавад.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои “Тоҷикистон”