Баргузории ҳамоиш таҳти унвони “Рӯзи машварат ба хотири пешбурди содирот»

Дирўз дар меҳмонхонаи “Хайят Реҷенси” –и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати кишвар “Рӯзи машварат ба хотири пешбурди содирот»  ҳамоиш баргузор гардид.

Зимни ҳамоиш тазаккур дода шуд, ки татбиқи барномаҳои қабулшуда ба соҳибкорони минтақаи Осиёи Марказӣ ҳангоми ворид шудан ба бозорҳои хориҷӣ кӯмаки ҳамаҷонибаи техникӣ мерасонад. Ва ин яке аз воситаҳои дастгирии  ташаббуси хизматрасонии пешбурди тиҷорат мебошад, ки аз моҳи майи соли 2022 то соли 2025 амалӣ карда мешавад. Инчунин тавзеҳ дода шуд, ки ин чорабинӣ бори аввал сурат гирифта, мақсад аз роҳандозии он  кумак ба корхонаҳои хурду миёна барои бартарафсозии монеаҳо ва роҳ ёфтан ба бозори хориҷ мебошад.

Дар чорабинӣ мушовирону содиркунандагон ва истеҳсолкунандагон ширкат доштанд. Онҳо зимни сухбату вохуриҳо оид ба мушкилоти ҷойдошта дар самти содирот, роҳҳои бартарафсозии он ва омилҳои таъсиррасон ба рушди содирот машварат намуданд.

Таъсиси Агентии содироти назди Ҳукумати ҶТ қадами устуворест дар самти бештар намудани иктидори содиротии мамлакат.  

Дар чорабинӣ Манзура Рустамова, муовини раиси Палатаи савдову саноат, Мансур Абрамов, намояндаи КВД «Тоҷагропромэкспо» ва мушовирони сатҳи байналмилалӣ суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки  барои мавкеъ пайдо намудан дар бозори ҷаҳонӣ бояд талаботи онро омузему мувофик ба низоми муайяншуда маҳсулотро пешниҳод кунем.

Маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистонро аллакай харидорони  давлатхои дигар хуб қабул намудаанд ва як нозуки дигаре, ки дар самти содирот мавҷуд аст, ин мунтазам таъмин намудани харидорон бо ин ё он маҳсулоти интихобшуда мебошад. Яъне агар маҳсулот дар як давраи муайян таъмин шуда, баъди чанде имкони таъминот нашавад, тоҷирони хориҷ ин маҳсулотро қабул намекунанд. Барои омода намудани истеҳсолкунандагон ба ин ҳама шароит содиркунандагон аз мушовирон машварат гирифта, дар навбати худ онро ба аҳли заҳмат мерасонанд.

                    Шоистаи Аҳмад

            радиои “Тоҷикистон”