Шуруъ аз рӯзи 12 июн дар як қатор истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии 4 ноҳияи пойтахт истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе оғоз гардид. Ба иттилои масъулин, истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ бо фарогирии 948 нафар, дар 36 майдончаи солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ 1440 нафар ва бо фарогирии 100 нафар кӯдакону наврасони аъзои маҳфилҳои Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» ташкил карда шудаанд.
Аз 1 – уми июни соли 2023 инҷониб машғулиятҳои дарсӣ барои мактаббачагони кившар ба итмом расид. Масъалаи дигаре, ки мавриди таваҷҷуҳи ҷомеа қарор мегирад, ин чӣ гуна сипарӣ кардани се моҳи таътил барои кӯдакону наврасон мебошад. Бархе аз он дар ташвишанд, ки бояд кӯдакон дар ин давра вақти худро ба корҳои беҳуда сарф накунанд ва бештар ба омӯзиши дигар самтҳои лозимӣ дар таълим машғул шаванд. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамҷоягӣ бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии мамлакат дар ин самт тадбирҳои заруриро пеша кардааст, ки дар ин зимн пайваста хабару гузоришот дар сомонаи расмии вазорати маориф нашр мешаванд. Мо дар ин робита ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ муроҷиат кардем ва муфассалтар доир ба чӣ гуна сипаришудани таътили тобистона маълумот гирифтем. Саидҳофиз Шаъболов муовини директори Маркази муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки барои самаранок гузаронидани чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва таъминоти истироҳатгоҳҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ вазорати маориф ва илми кишвар аллакай аз моҳи март чораҷӯйӣ намудааст.
Ба таъкиди Саидҳофиз Шаъболов муовини директори Маркази муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар истироҳатгоҳҳои тобистона кӯдакону наврасон ба омӯзиши курсҳои компютерӣ, маҳфилҳои гуногуни таълимӣ ва дигар машғулиятҳои муфид фаро гирифта мешаванд.
Ҳамсуҳбати мо таъкид кард, ки бо мақсади истироҳати кӯдакону наврасон дар таътили тобистона дар ҷумҳурӣ 34 адад истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ фаъолият мекунанд. Ҳамзамон, аз ҷониби раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ, варзишиву солимгардонӣ, фароғатию таълимӣ таъсис дода шудаанд, ки дар онҳо низ кӯдакону наврасони синну соли гуногун дар таътили тобистона ҷалб гардидаанд. Саидҳофиз Шаъболов муовини директори Маркази муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ инчунин афзуд, ки чӣ тавр ва ба чӣ машғул намудани кӯдакону наврасон дар давраи таътили тобистона масъулияти падару модар ва шахсони онҳоро ивазкунанда низ ба шумор меравад. Волидайн бояд тамоми имкониятҳои мавҷударо ба нақша гирифта, истироҳати тобистонаи фарзандонро таъмин ва барои хушу гуворо ва самаранок гузаронидани он мусоидат намоянд.
Манбаи мо иттилоъ дод, ки имрӯз истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Гулхан” низ ба фаъолият шурӯъ мекунад ва дар он кӯдакону наврасон дар давоми 11 – рӯз, то 16 – уми августи соли равон ройгон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд. Таътили хубу фоидаоварро ташкил намудан барои кӯдакону наврасон имкон фароҳам меоварад, то онҳо нисбат ба таҳсил ва омӯзиши илмҳои наву муосир маъулияти бештар эҳсос кунанд.
Парвина Самандарзода
радиои “Тоҷикистон”