Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар шаҳри Душанбе таҷлил шуд

Шоми дирӯз дар боғи нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангию тарғиботӣ ба муносибати таҷлил аз рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист, ки ҳамасола 5 – уми июн таҷлил карда мешавад, баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ намояндагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, аҳолии шаҳри Душанбе ва дигар ташкилотҳои нигоҳдории экологӣ иштирок намуданд. Дар оғози чорабинӣ Сулаймон Зиёзода муовини сарвазири кишвар суханронӣ карда, қайд намуд, ки таҷлил аз рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист ин пеш аз ҳама ба хотири тарғиби муносибати дилгармона ба табиат, ҳифзи сарватҳои табиӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳалли мушкилоти экологии кишвар, минтақа ва ҷаҳон мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ Толиб Раҳимзода муовини раиси шаҳри Душанбе баромад намуда, гуфт ки яке аз тадбирҳои ба таъмини муҳофизати муҳити зист мусоидаткунанда ин баргузории аксияҳо ва чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотӣ маҳсуб меёбад. Ҳамин аст, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе мунтазам аксияҳои экологӣ роҳандозӣ гардида, дар он аҳли ҷамоатчигӣ иштирок ва дар тоза гардонидани сиҳили дарёву каналҳо, шаҳраку маҳаллаҳо саҳми худро мегузоранд.
Баъдан Баҳодур Шерализода раиси кумитаи ҳифзи муҳити зист баромад карда, қайд намуд, ки бо вуҷуди гузаронидани чорабиниҳои тарғиботиии муҳофизат аз муҳити зист ва табиат ҳоло ҳам маърифати экологии қисме аз шаҳрвандони кишвар ба хусус ҷавонон паст мебошад. Аз ин хотир моро лозим аст, ки барои бартараф намудани ин камбудӣ фаъолияти дастаҷамонаро ба роҳ монем.
Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор хонандагони мактабу литсейҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати иштирок ва пешниҳоди маводҳояшон дар мавзуи ҳифзи пирияхҳои Тоҷикистон, диплому ифтихорномаҳо тақдим карда шуд. Ҳамчунин ба ғолибони озмуни “Душанбе – шаҳри гулрез” туҳфаҳои хотирмон супорида шуд. Ҳамчунин дар доираи ин чорабинӣ барномаи консертӣ манзури иштирокчиён гардонида шуд, ки писанди ҳамагон гардид.
Сарвинози Сайдалӣ,

радиои Тоҷикистон