Имрӯз, 5 июн Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Тибқи барномаи сафар, мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров пешбинӣ шудааст.
Дар доираи ин сафар ҳамчунин 6 июн мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров дар назар аст.
АКС: АМИТ «Ховар»