Тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 омодагиро оғоз кард

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) омодагиҳоро ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар шаҳри Душанбе оғоз намуд.

Сармураббии тими олимпии Тоҷикистон Мубин Эргашов ба ин ҷамъомад 27-бозингарро даъват кардааст, ки 4-дарвозабон, 9-ҳимоятгар, 9-нимҳимоятгар ва 5-ҳамлагарро ташкил медиҳад. Машқҳои дастаи олимпии кишвар дар варзишгоҳи «Авиатор»-и пойтахт мегузарад.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) дар моҳи июн бо ҳамсолони худ аз Ҳонконг ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Рақобатҳо рӯзҳои 15-ум ва 19-уми июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор мешаванд.

Бояд қайд намоем, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи «I» бо дастаҳои Австралия, Лаос ва Кореяи Шимолӣ вомехӯрад. Марҳилаи интихобӣ дар ин гурӯҳ аз 6-ум то 12-уми сентябр дар шаҳри Душанбе сурат мегирад.

Ғолибони 11-гурӯҳи интихобӣ ва ҳамчунин 4-тими беҳтарини ҷойи дуюм соҳиби роҳхат ба қисми финалии Ҷоми Осиё-2024 мешаванд, ки аз 15-уми апрел то 3-юми май дар Қатар баргузор мегардад.

                 Сорбон Амонуллозода