Шоми дирӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маросими супоридани сипосномаҳо аз натиҷагирии иқдоми байналмилалии “Шабе дар осорхона”, баргузор гардид. Дар маросим намояндагии Мақомоти ишҷоияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ширкати Фифти файф, маркази дилхушии кудаконаи Космо – Лен, Теати академию драмавӣ ба номи А. Лоҳутӣ ва ҳамчунин намояндагии як ҳатор сафоратхонаҳову Кумитаи телевизион ва радио иштирок намуданд.
Дар оғози маросим Зафаршор Иброҳимзода, директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон баромад карда, иброз намуд, ки иқдоми байналмилалии “Шабе дар осорхона” аз соли 2013 инҷониб дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуда, имсол бори 9 –ум аст, ки роҳандозӣ гардид ва дар он зиёда аз 15 ҳазор нафар иштирок намуда, аз 23 чорабиниҳои гуногуни фарҳанги дидан намуданд. Ба таъкиди Зафаршор Иброҳимзода дар иқдоми имсолаи “Шабе дар осорхона” намояндагони Арабистони Саудӣ, Давлати Фаластин, Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ҳиндустон, Корея, Туркия, Туркманистон, Покистон, Беларус, Фаронса ва Ҷопон ширкат намудаанд.
Дар идомаи маросим аз ҷониби роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳамаи шарикон ва ташкилкунандагони иқдоми байналмилалии “Шабе дар осорхона дар соли 2023” сипосномаҳо тақдим карда шуд. Тавре Фаридун Кенҷаев сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон мегӯяд, ҳадаф аз баргузор намудани ин маросим қадрдонӣ намудани кормандони вазорату идораҳо ва муассисаҳое мебошад, ки дар ин чорабинӣ саҳми муассир гузоштанд.
Дар анҷоми маросимӣ қадрдонӣ гуфта шуд, ки имрӯз соати 10:00 бахшида ба рӯзи байналмилалии кӯдакон, ки ҳамасола 1 – уми июн таҷлил карда мешавад, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барномаи фарҳанги иборат аз мусиқӣ ва бозиҳои кӯдакона баргузор мегардад, ки падарону модарон метавонанд кӯдакони худро барои истироҳату фароғат ба ин макон биёранд.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои Тоҷикистон