Ҳанўз аз нахустрўзҳои давраи соҳибистиқлолӣ соҳаи кишоварзӣ дар меҳвари сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, зеро соҳаи мазкур аз соҳаҳои асосии бошандагони деҳот ба ҳисоб рафта дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва ҳамзамон ҷиҳати бо шуғли доимӣ таъмин намудани аҳолии деҳот нақши аввалиндараҷа дорад.
Афзоиши рўзафзуни аҳолӣ моро водор мекунад ба бахши чорводории соҳаи кишоварзӣ, ки манбаи асосии истеҳсоли гўшту шир мебошад, бетафовут набошем. Агар ба нодиртарин дастовардҳои олимони соҳаи чорводории мамлакат назар афканем, заҳмати онҳоро дар самти офариниши зоти гови сиёҳалои тоҷикӣ, ки имрўзҳо то 5000-7000 кг шир бо равғаннокии 4 % медиҳад, бармало мушоҳида мекунем.
Яке аз муаллифони зоти гови сиёҳалои тоҷикӣ професори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Тўйчӣ Рўзиев мегўяд, ки то соли 1956 дар кишвари мо ягон намуди чорвои зотӣ мавҷуд надошт, гови сиёҳалои тоҷикӣ нахустин чорвои зотиест, ки маҳз дар пайи заҳмати олимони ватанӣ ба вуҷуд омадааст.
Бино ба назари професори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Тўйчӣ Рўзиев зоти ин гуруҳи муайяни намуди чорво буда, дар як мавзеи географӣ пайдо мешавад ва маҳсулнокии якхела дошта, нисбат ба дигар намуд бартарӣ дорад. Ин ҳамсуҳбати мо мегўяд, ки зотофарӣ кори саҳл нест.
Агар ба таърихи зоти гови сиёҳалои тоҷикӣ назар афканем, бори аввал бо пешниҳодоти доктори илмҳои кишоварзӣ Рўзиев Тўйчӣ типи сиёҳалои тоҷикӣ 28-уми декабри соли 2001 ба қайд гирифта шуд ва бо қарори мушовараи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон 10-уми январи соли 2022 ҳамчун зот дар мушовараи Вазорати кишоварзӣ тасдиқ гардид. Аз ҷараёни офариниш, вижагиҳо ва бартариятҳои гови зоти сиёҳалои тоҷикӣ идомаи андешаҳои доктори илмҳои кишоварзӣ Тўйчӣ Рўзиевро мешунавем
Зоти гови сиёҳалои тоҷикӣ дастоварди ноёби соҳаи чорводорӣ дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Офариниши ин навъ таърихи 70 сола дошта, дорои тамоми иқтидори генетикист. Доктори илмҳои кишоварзӣ Тўйчӣ Рўзиев мегўяд, ки иқтидори генетикии ин зотро ҳатто олимони хориҷӣ эътироф карданд.
Тавре аз суҳбат бармеояд, маҳз дар пайи гузаронидани корҳои зиёди селексионӣ дар ҷумҳурӣ зоти гови сиёҳалои тоҷикӣ офарида шудааст, ки мо имрўз маҳсули кори илмии олимони тоҷикро бармало мушоҳида мекунем. Воқеан имрўз замоне фаро расидааст, ки чорводор бояд ба теъдоди чорво диққат накунад, балки кўшиш кунад, ки зотҳои сермаҳсулро парвариш намояд. Яъне ба ибораи дигар аз миқдор ба сифат гузарад. Танҳо дар ҳамин суръат, мо метавонем, дар самти таъминот бо гўшту шир ва маҳсулоти гўштиву ширӣ ба худкифоӣ бирасем. Дар ин самт ба чорводорон барору комёбӣ хоҳонем.
Муродулло Раҳимов
Радиои Тоҷикистон