Таъсири китоб дар рушди маънавиёти кӯдакон

Дар замони муосир муҳимтарин омили пешрафти ҷомеа ин соҳиби дониш ва иттилооти фаровон будан мебошад. Иттилооту дониш асосан бо роҳи мутолиаи китоб ва дигар воситаҳои илмию адабӣ ба даст меояд. Аз ин рӯ ба омӯзиш ва мутолиаи китоб ҷалб намудани кӯдакону наврасон боиси пешрафт ва зиёд гардидани шахсиятҳои донишманд дар ояндаи наздик мешавад.

Кӯдакон қишри осебпазир ва эҳтиёҷманди ҷомеа мебошанд. Онҳо ба ғамхорӣ ва ҳимояи насли калонсол эҳтиёҷ доранд. Ба омӯзиш ва тарбияи дуруст фаро гирифтани кӯдакон метавонад барои шахсияти донишманд шудан ва ояндаи дурахшон доштани онҳо, замина гузорад. Бинобар ин, насли калонсолро зарур аст, ки нисаби тарбия ва оняндаи кӯдакон беаҳамиятӣ зоҳир накунанд. Ба андешаи шоири халқии кишвар, Раҳмат Назрӣ “кӯдакон мушоҳидакоранд ва маҳз дар ҳамин давра зеҳни боқувват доранду ҳама гуна маълумотро тез қабул карда, дар ёд мегиранд. Аз ин рӯ аз кӯдаки бедор намудани завқи китобхонӣ ва ба илмомӯзӣ фаро гирифтани онҳо, бисёр муфид мебошад. Эҷод кардани шеърҳои кӯдакона мушкилтар аст, зеро як роҳи тарбия кардани кӯдакон ба воситаи шеър сурат гирифта метавонад“.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати мамлакат, ба хусус Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли наврас ғамхорӣ намуда, барои дар рӯҳияи китобхонию ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ҳамин аст, ки солҳои охир шумораи озмунҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ зиёд гардида, таваҷҷуҳи кӯдакону наврасон ба китобу китобхонӣ зиёд гардидааст. Ба андешаи Абдурофеъ Робизода, адиб ва рӯзономагор “кӯдакон ояндаи насли имрӯзаи мо мебошанд. Чи гунае, ки мо имрӯз онҳоро тарбия намоем, ондаи миллати мо ҳамон гуна хоҳад шуд. Аз ҳамин хотир дар навбати аввал бояд, ки мо худамон намунаи ибрати онҳо бошем, бештар китоб харему мутолеа намоем, то ки онҳо низ ба мо пайравӣ намоянд“.

Қайд кардан зарур аст, ки китоб яке аз беҳтарин офаридаҳои инсон буда, тавассути он насли наврас аз таҷрибаи гузаштагон баҳраманд гардида, афкору андешаи худро инкишоф медиҳанд. Зиёда аз ин, кӯдакону наврасон тавассути китоб дар руҳияи вандандӯстию хештаншиносӣ тарбия гардида, доираи ҷаҳонбинии худро васеъ мегардонанд.

Сарвинози Сайдалӣ

радиои Тоҷикистон