Тими мунтахаби Тоҷикистон ҷамъомади таълимиву тамриниро дар Тошканд оғоз намуд

Мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар шаҳри Тошканд ҷамъомади таълимиву тамриниро ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» оғоз кард.

Сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон Петр Сегрт ҳоло бо 18-бозингар кор карда истодааст. Аз легионерҳо ҳимоятгари дастаи «Андиҷон» Аҳтам Назаров ва нимҳимоятгари тими «Насаф» Муҳаммадҷон Раҳимов, ки дар Суперлигаи Ӯзбекистон бозӣ мекунанд, ба даста шомил шуданд. Бозингарони боқимонда пас аз анҷоми бозиҳои бошгоҳҳояшон, ба маҳалли ҷойгиршавии тими миллии Тоҷикистон ҳозир мешаванд.

Бояд қайд намоем, ки дар Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо мунтахабҳои Туркманистон (11-июн), Уммон (14-июн) ва Ӯзбекистон (17-июн) мебошанд.