Имрӯз аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Озарбойҷон «Buta Airways» дар масири Боку-Душанбе-Боку нахустин парвози мустақими ҳавоӣ анҷом дода шуд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе иттилоъ медиҳад, ки ҳавопаймои ширкати «Buta Airways» расо соати 10:00 ба вақти Душанбе дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нишаст анҷом дод.
Интизор меравад, ки бо назардошти афзоиши шумораи мусофирон дар хатсайри мазкур дар оянда парвозҳо дар ин масир рӯзҳои душанбе, сешанбе ва панҷшанбе ташкил карда мешавад.
Ифтитоҳи хатсайри ҳавоии мустақим дар масири Боку-Душанбе-Боку рӯйдоди муҳим дар тақвияти равобити иқтисодию фарҳангӣ ва гуманитарию сайёҳии Тоҷикистон ва Озарбойҷон арзёбӣ гардида, таъкид карда шуд, ки ташкили парвозҳои мустақим дар масири Боку-Душанбе-Боку дар самти равобити иқтисодию иҷтимоии ду давлати дӯсту бародар –Тоҷикистон ва Озарбойҷон, хусусан афзоиши мубодилаи мол, рафтуои шаҳрвандон, ҳамлу нақли транзитӣ ва аз ҳама асосӣ- рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат намуда, ба он такони ҷиддӣ мебахшад.
Бояд тазаккур дод, ки ширкати «Buta Airways» воҳиди сохтории Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи ҳавоии Озарбойҷон -AZAL буда, моҳи сентябри соли 2017 ба фаъолият оғоз кардааст.
Ҳоло ширкати мазкур аз фурудгоҳҳои байналмилалии Боку ва Ганҷа ба самтҳои байналмилалӣ, аз қабили Русия, Туркия, Украина, Гурҷистон, Эрон ва Булғористон парвоз анҷом медиҳад.
«Buta Airways» аз оғози фаъолият ҳам дар байни шаҳрвандони Озарбойҷон ва ҳам кишварҳои хориҷӣ бо сатҳи хизматрасонияш бартарият дорад. Парки «Buta Airways» дорои ҳавопаймоҳои муосири бароҳати Embraer E190 мебошад. Ин ҳавопаймоҳои муосир ва боэътимод бо курсию ҳуҷраҳои бароҳат ва рафҳои васеъ барои ҷой намудани бағоҷи дастӣ муҷаҳҳаз шудаанд. Бо афзоиши шумораи самтҳои нав ширкати ҳавопаймоии «Buta Airways» тасмим гирифтааст, ки парки ҳавопаймоҳои худро васеъ кунад.
Мардумони Тоҷикистон ва Озарбойҷонро арзишҳои муштараки таърихию фарҳангӣ, ки аз қаъри асрҳо сарчашма мегиранд, бо ҳам мепайванданд. Солҳои охир робитаҳои густурдаи иқтисодию фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни ду давлат беш аз пеш густариш меёбад.
Моҳи апрели соли равон сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён гирифт ва дар доираи он байни ду давлат 14 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Ин санадҳо ба тақвияти ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон такони ҷиддӣ бахшид.