Дар ВКХ натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ гардид

29 майи 2023 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзи Шуминро ба ҳузур пазируфт.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 16 то 19 майи соли 2023, инчунин татбиқи ҳамкориҳои мутақобилан судманди муштарак дар бахшҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.