Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар саҳни бинои “Шарқи озод” намоиш – фурӯши китобҳои бачагона бахшида ба рӯзи ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола рӯзи 1 – июн ҷашн гирифта мешавад баргузор гардид, ки дар ин намоиш – фурӯш шумораи зиёди сокинони пойтахт иштирок намуда, бо нархи дастрас ва бо тахфифи 50% китобҳои дилхоҳашонро харидорӣ намуданд.
Тахфифи 50% – аи китобҳои нодири адибони ватаниву ҷаҳонӣ, ки барои рушди адабиёти бачагона саҳм гузоштаанд, имрӯз барои ҳар як харидор ва дӯстдорони китоб хушҳолӣ бахшид. Чаро, ки ин ҷо имкон буд бо пардохти нархи як китоб ду китобро харидорӣ карда аз дунёи рангини кӯдакона бохабар шудан мумкин буд. Ин намоиш – фурӯшро Ташкилоти ҷамъиятии Байналмиллалии “Истиқбол” бахшида ба рӯзи Иди кӯдакон, 1 Июн – рӯзи ҳифзи кӯдакони дунё баргузор намуд, ки воқеан туҳфаи нодире барои дӯстрӯякони мо буд. Тавре адиби тоҷик Латофат Кенҷаева дар суҳбат бо мо изҳор дошт, дар намоиш – фурӯши мазкур 160 намуд китобҳои зебову нақшини “Истиқбол” – ро ба даҳ забони дунё пешкаш намудаанд.
Дар ин чорабинии фарҳангӣ бо иштироки шоиру нависандагони маҳбуб ва шинохта Камол Насрулло, Ато Мирхоҷа, Абдулҳамид Самад ,Сафияи Носир , Раҳмат Назрӣ, Юсуфҷон Аҳмадзода, Салими Зарафшонфар, Абдурофеъ Рабизод, Нуқраи Суннатиё, Бузургмеҳри Баҳодур , Абдусаттори Раҳмон, Муродалӣ Собир, Муҳаббат Юсуфӣ , Эгамназари Соҳибназар, Равшани Ҳамроҳ, Мансури Суруш ва дигарон , ки китобҳояшон дар “Истиқбол” ба нашр расидааст ширкат варзиданд. Абдулҳамид Самад нависандаи маҳбуби кишвар зимни суҳбат бо радиои Тоҷикистон баён дошт, ки ин иқдом барои рушди ҳарчӣ бештари тафаккури зеҳнии кӯдакону наврасони мо наҷиб мебошад ва барои зиёд намудани маънавиёти онҳо саҳми бориз мегузорад.
Маврид ба зикр аст, ки китоб барои кӯдакон на танҳо манбаи иттилоот, балки равзанаи ҷаҳони навест, ки пур аз сафарҳову кашфиётҳои аҷиб аст. Китоб дониш медиҳад, тафаккур, тасаввурот ва нутқро рушд медиҳад, аммо аз ҳама муҳим – эҳсосро бедор месозад: дӯст доштан, фарқ кардани некиро аз бадӣ таълим медиҳад. Ҳамин аст, ки имрӯз дар оила, мактаб ва ҷомеа барои таваҷҷуҳи бештари кӯдакону наврасонро ҷиҳати дӯст доштани китоб равона месозанд ва пайваста фестивалу намоиш – фурӯши китобҳоро доир менамоянд.
Парвина Самандарзода,
Радиои “Тоҷикистон”