27 майи соли 2023 маҳфили экожурналистон дар Боғи табиии таърихии “Ширкент” дар шаҳри Турсунзода баргузор гашт баргузор гашт.
Ба иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, беш аз 20 нафар эъзои клуб нахуст шуда ба мавзеи Боғи табиии таърихии “Ширкент” ташриф оварда, аз манзараҳои афсонавӣ, аз ҷумла изи динозаврҳо аз наздик ошно шуданд.
Сипас, бо аъзои маҳфил масъулни МД “Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда” ва Боғи табиии таърихии “Ширкент”оид ба фаъолияти кунунӣ, дастоварду навгониҳои солҳои охири мавзеи мазкур ба таври муфассал маълумот доданд.
Клуби экожурналистони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аъзоёни он намояндагони воситаҳои ахбори омма мебошанд, моҳе як маротиба бо ташаббуси Кумитаи мазкур гиди ҳам ҷамъ шуда, аз фаъолияти самҳои мақомоти соҳавӣ ҷиҳати ташвиқу тарғиби ҳифзи муҳити зист ва муаррифии мавзеъҳои дилрабои Ватани азизамон маълумоти фаровон дастрас менамоянд.