«Феҳристи нусхаҳои хаттии фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд» ба нашр расид

Дар ин бора Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар дода, менависад, ки  Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» бахшида ба 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ китоби наверо бо номи «Феҳристи нусхаҳои хаттии фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд» бо шумори сад нусха тариқи нашриёти “Ношир” нашр намуд.

Бино ба иттилои манбаъ,  китоб бо кўшиши кормандони МД «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» Баҳром Раҳматов, Иззатбек Шехимов ва Оқилбой Оқилов таҳия шуда, муҳимтарин дастнавиштаҳоеро, ки дар фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд нигаҳдорӣ мешавад, муаррифӣ мекунад.

Мураттибон зимни таҳияи китоб кўшиш намудаанд, ки дар муаррифии ҳамаи нусхаҳои фароҳамомада муаллиф, номи китоб, забони таълиф, навъи асар, ҳаҷм (саҳифагузории қаламӣ), соли китобат, котиб, намуди хат, андоза, ҳолат, оғози китоб ва мушаххасоти дигарро рўнамоӣ созанд.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *