Ихтилофҳои пасипардагӣ барои қабул забони сеюми СҲШ расонаӣ шуд

Ҳиндустон, ки яке аз ҳашт узви Созмони ҳамкории  Шанхай аст, талош дорад, ки ҳарчи зудтар   забони англисӣ ҳамчун забони расмӣ ва корӣ барои ҷаласаҳо ва ҳуҷҷатҳои ин Созмон қабул шавад, аммо масъала ба  ихтилофҳо дар дохилӣ Созмон дучор омадааст.

Дар ин бора рӯзномаи машҳури “Indiatimes” хабар дода менависад, ки   дархост аз ҷониби Ҳиндустон дар ҷараёни мулоқотҳои гуногун, ки аз ҷониби СҲШ гузаронида шуда буд, пешниҳод карда шудааст.  Ин тасмим аз замоне ба вуқӯъ пайваст, ки Ҳиндустон ва Покистон ба узвият дар ин гурӯҳ дар соли 2017 ҳамроҳ  пазируфта шудаанд.  Ин кишварҳо аз соли 2015 ҳамчун нозир пазируфта шуданд. Моҳи июни соли 2017  ба аъзои комилҳуқуқи СҲШ шомил гардиданд.

Ҳоло дар СҲШ забонҳои русӣ ва чинӣ ҳамчун забонҳои расмӣ ва корӣ истифода мешаванд. Ҳуҷҷатҳои СҲШ низ бо ин ду забон омода карда мегарданд. Ба ғайр аз Русия ва Чин, чор давлати Осиёи Марказӣ аз ҷумлаи созмондиҳандагони СҲШ ба ҳисоб мераванд, ки асосан аз забони русӣ истифода мекунанд.

Ба навиштаи “indiatimes” ташаббуси Ҳиндустон оид ба ҷорӣ кардани забони англисӣ ҳамчун забони корӣ аз ҷониби Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама Қазоқистон дастгирии хомӯшона ба даст овард.  Гуфта мешавад, ки  ҳам Русия ва ҳам Қазоқистон идеяи қабул кардани забони англисиро ҳадди аққал дар сатҳи забони корӣ пеш мебаранд.

Аммо Чин идеяи қабули забони англисӣ ҳамчун забони расмӣ  ба чолиш кашида, мавқеи худро нисбати ба сифати забони корӣ истифода шудани англисӣ ҳам ошкор насохтааст.  Расонаҳои Ҳиндустон мавқеи Покистонро ҳам суолбарангез тасвиф кардаанд.  Бо вуҷуди он ки дар  Покистон забони англисӣ маъмулан дар  коргузории расмӣ истифода мешавад, аммо ин кишвар низ ҳавасмандии лозим ба масъала нишон надодааст.  Ба тахмини расонаҳо ба далели муносибати  нохуб доштан бо Ҳиндустон  ва ҳампаймон будан бо Чин Покистон мавқеи Чинро пуштибонӣ мекунад.

Ин расона гуфтааст, ки Ҳиндустон дар ҷаласаҳои СҲШ аз тарҷумонҳо ва намояндагони русӣ ва чинидон васеъ истифода мебарад. Намояндагони Ҳиндустон ва Покистон дар котиботи СҲШ дар Пекин қарор доранд.

Аввалин маротиба ин масъала соли 2018 расонаӣ шуда буд. Гуфта мешуд, ки Созмони Ҳамкории Шанхай масъалаи қабули забони сеюми корӣ – англисиро баррасӣ мекунад. Он замон Татяна Селиверстова, яке аз мақомдорони СҲШ гуфта буд, ки:  ” Як қатор саволҳо дар робита ба пайвастани Ҳиндустон ва Покистон ба СҲШ ба вуҷуд омадааст.  Агар то имрӯз забонҳои расмӣ ва корӣ чинӣ ва русӣ буданд, ки ин тартиби тарҷумаи ҳуҷҷатҳоро содда мекард, пас бо вуруди ду кишвари нав масъалаи ҷорӣ кардани забони сеюми корӣ баррасӣ мешавад, ки англисӣ интихоб шудааст”.

Бо ҳамин ин масъала, аз забони расонаҳо дур шуда буд.  Акнун расонаҳо Ҳиндустон аз  ихтилофҳои дарунӣ дар ин масъала ҳарф мезананд.

Фирдавси Низом

Радиои “Тоҷикистон”

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *