Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ вохӯрии роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ бо соҳибкорону сокинони фаъоли ин минтақаи кӯҳистони мамлакат доир гардид. Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҷалби соҳибкорон барои бунёд ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ, истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ ва сайёҳии аграрӣ дар деҳот баррасӣ гардиданд.
Аз Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ доданд, ки вохӯрии мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи самараноки Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», рушди соҳа дар минтақаҳо, муайян намудани имкониятҳои мавҷуда, омодагиҳо ба мавсими пасобуҳронӣ, инчунин таҳияи маводи нави иттилоотию сайёҳии шаҳру ноҳияҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи сайёҳӣ гузаронида шуд.
Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои рушди сайёҳии куҳӣ, варзишӣ, экологӣ ва этнографӣ мусоид мебошад. Дар ноҳия ҷойҳои тамошобоби таърихӣ, мавзеъҳои зебо ва фароғатӣ, аз ҷумла тагобҳои Ревад, Табасмин, Оббурдон, ҳавзи Рогиф Ҳисорак мавҷуданд, ки таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб менамоянд.
Ин аст, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақсади воридшавии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба низоми бозори хизматрасониҳои сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ин дар ҳолест, ки соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон ҳамчун самти муҳими рушди иқтисоди миллӣ эътироф гардида, бо ба амал баровардани ислоҳоти бозорӣ дар ҷумҳурӣ хизматрасонии бозори сайёҳӣ ба вуҷуд омад, ки имрўзҳо ҳиссаи бахши хусусиро ба худ мегирад. Бо фароҳам овардани имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, рушди соҳибкорӣ дар соҳаи сайёҳии ноҳия ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми маҳаллӣ таъсири мусбӣ мерасонад.