Бахшида ба Рӯзи модар дар Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино” зери унвони “Модар оғози зиндагист” ҳамоиши театрикунонидашудаи фарҳангӣ – фароғатӣ ташкилу баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз Раёсати маорифи ноҳияи Сино, омӯзгорони иттиҳодияҳои таълимӣ ва хонандагони муассиса иштирок намуданд.
Чорабинии тантанавиро роҳбарияти Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино” оғоз намуда, занону модаронро ба Рӯзи Модар табрику таҳният намуданд. Гуфта шуд, ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур баланд бардоштани ҳисси зебоипарастиву маърифатӣ ва тақвияти нерӯи зеҳнии хонандагони болаёқати ноҳия ба ҳисоб меравад.Тавре дар ин маврид муовини директори Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино” Осим Маҷидов иброз дошт, дар баробари омода намудани хонанадагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино ба озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявиву байналмилалӣ кормандони марказ тасмим гирифтанд, миёни онҳо чорабиниҳои фарҳангӣ – фароғатӣ гузаронанд, то ин ки ин муҳассилин на танҳо дар омӯхтани дониш, балки дар баёни андеша ва тафаккури худ озод бошанд ва ҳамчун ашхоси суханвару сухандон ба воя расанд.
Боиси зикр аст, ки дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи модар хонандагони Муассиса саҳм гузошта, доир ба бузургӣ, эҳтирому самимият ва меҳру муҳаббати беканори модар нисбат ба фарзанд ба ҳозирин шеъру тарона, саҳначаҳои тарбиявӣ ва рақсу суруд дар васфи модар пешниҳод намуданд. Маҳина Аловиддинова омӯзгори иттиҳодияи таълимии фанни забони англисии Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино” зимни суҳбат бо мо баён дошт, ки баргузории ҳамоишҳои фарҳангӣ ҳамчун як усули таълим барои интиқоли маълумот аз ҷониби устод ба шогирд ба ҳисоб меравад. Ҳамоишҳои тантанавӣ барои хонандагон манбаи маълумотҳои наву ҷолиб ва ҳикояҳои тарбиявӣ мебошад. Ин гуна чорабиниҳо ба онҳо имкон медиҳад, ки бо диди нав дар олимпиадаҳои фаннӣ ширкат варзида, маълумотҳои ба онҳо дастрасшударо дар иншо ва эссеҳояшон истифода баранд.
Ҳамзамон дар чорабинӣ таъкид гашт, ки модар шахсест, ки шабу рӯз ба хотири роҳату осоиши тифлаш заҳмат мекашад ва намегузорад, ки фарзанди ӯ ранҷу озоре бинад. Бояд қайд намуд, ки зан-модар дар ҳақиқат сазовори ҳама гуна қадршиносӣ ва дӯстдорӣ дониста мешавад, зеро ин олиҳаи зебоӣ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс дар зиндагӣ ба шумор меравад.
Парвина Самандарзода
радиои “Тоҷикистон”