7 марти соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи cафири навтаъйини Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл П.Микаллерро қабул кардааст.
Тавре Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, зимни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону ИМА ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.
Муовини вазири корҳои хориҷӣ сафири ИМА-ро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо таманно намудааст.