Мусобиқаи волейбол миёни бонувон барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Душанбе оғоз шуд

Имрӯз дар толори варзишии МД ” Қасри теннис ва Маҷмааи варзиши обӣ”-и шаҳри Душанбе кушодашавии мусобиқаи варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайри касбӣ байни бонувони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе ” бахшида ба “Рӯзи Модар” баргузор гардид.

Ба иттилои сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар маросими кушодашавии мусобиқа Муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, намояндагони вазораут муассисаҳо ва директорони мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпии пойтахт ва намояндагони васоити ахбори кишвар ширкат доштанд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим чорабинии мазкурро ифтитоҳ намуда, дар суханронии хеш ба дастаҳои бонувони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо бурдбориҳоро таманно намуд.

Мусобиқаи мазкур ҳамасола садҳо бонувони вазорату идораҳо, муассисаҳои олии таълимӣ ва дигар корхонаҳоро ба ҳам ҷамъ оварда, дар натиҷаи нишон додани маҳорату малакаи варзишӣ ғолибон муайян мегарданд.

Ғолибон ҳамасола бо Ҷом ва туҳфаву медалҳо сарфароз гардонида мешаванд.