Дар доираи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия байни Корхонаи давлатии «Заводи протезию ортопедӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Моторика»-и Федератсияи Россия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар мавзӯи ин Созишнома таъсиси шарикии ҳамоҳангсозии манфиатҳои тарафайн ва рушди ҳамкориҳо дар самти хизматрасониҳо ба маъюбон, фароҳам овардани имкониятҳои васеъ зимни протезкунонии қисмҳои андомиболои (протезкунонии даст) инсон ба шумор меравад.