Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ таҳти унвони «Китобхонаҳои Тоҷикистон дар давраи бунёди ҷомеаи иттилоотӣ ва ҷаҳонишавӣ» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳаи китобдорӣ баргузор гардидааст.
Ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг, дар чорабинии мазкур Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф дар бораи таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба китобу китобдорӣ, роҳандозӣ гардидани Озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз он ҷумла, «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», мақсади ин озмун, ҷалби аҳли ҷомеа ба китоб, муҷаҳҳаз намудани китобхонаҳо бо технологияи муосир ёдовар шуда, барои пешбурди соҳаи китобдорӣ ибрози назар намуд.
Сипас Баҳромзода Озар Сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанг кулли директорони китобхонаҳои манотиқи кишварро, ки дар ин конференсия иштирок доштанд, оиди бузургии китоб ва нақши китобдорон дар баланд бардоштани маънавиёти тамоми қишрҳои ҷомеа тавассути хизматрасонии китобӣ суханронӣ намуд.
Баъдан, Сафарзода Ҳусайн- директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, Юсупова Тӯтиниссо- директори Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин. Навбаҳорова Фазилат- директори Китобхонаи оммавии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Расулова Муаззама- директори Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ, Абдулҳакимзода Саодат- директори Китобхонаи оммавӣ- вилоятӣ ба номи Садриддин Айнӣ, Мусоева Савринисо- директори Китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор, Сайтоҷов Маҳсиддин- директори СКМ-и ноҳияи Ховалинг ва дигарон дар бораи нақши китобдорон дар баланд бардоштани маънавиёти тамоми қишрҳои ҷомеа тавассути хизматрасонии китобӣ, усулу воситаҳои ҷалби насли наврас ба китобхона, таъсис додан ва фаъол намудани фонди депозитарӣ дар ҳар як китобхона, ҷоннок намудани абонементи байникитобхонавӣ, ташкил намудани семинар- машваратҳои омӯзишӣ ва мубодилаи афкор, таъсис додани «Китобхонаҳои махсус» (барои нобиноён, шахсони шунавоияшон суст, шахсони маъюб), таъсис додани сайт ва саҳифаҳои интернетӣ дар китобхонаҳо, зиёд намудани теъдоди китобҳои электронӣ, такмили ихтисоси китобдорон, норасоии кадрӣ, дуруст ба роҳ мондани омори кадрӣ фикру андешаҳои худро баён намуданд.
Гуфта мешавад, баргузории чунин конференсияҳо барои бохабар шудан аз пешрафти соҳаи фаъолияти китобдорӣ, бохабар будан аз дастовардҳои ҳамкасбон нақши бориз мегузорад.