Рӯзи 13-феврал дар Кохи «Парфенон»-и пойтахт, маросими ҷоизасупории соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар соли 2022 баргузор гардид. Дар чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтарин варзишгарон ва мураббиён, ки дар соли 2022 ҷоизадори чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиё гардиданд, бо ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Дар маросим муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло иштирок намуданд.
Дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 11-феврали соли равон ба имзо расид, 35-нафар варзишгари беҳтарини кишвар ва мураббиёни онҳо бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Дар соли 2022 маблағи умумии ҷоизаҳо, ки аз ҳисоби Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст, 568-ҳазору 750-сомониро ташкил медиҳад. Ҳаҷми як ҷоиза ба варзишгар ва мураббиёни онҳо аз 6250 то 50000 сомонӣ муайян карда шудааст.
Аз рӯи натиҷагирӣ – Темур Раҳимов (ҷудо), Шодмон Ризоев (ҷудо), Асламҷон Азизов (гуштини юнонӣ-римӣ) барои ба даст овардани медали нуқраи Чемпионати Осиё, Эмомалии Нуралӣ (ҷудо) барои ба даст овардани медали тиллои Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон бо 50000 сомонӣ;
Моҳру Ҳалимова (таэквондо), Сомон Маҳмадбеков (ҷудо), Баҳодур Усмонов (бокс), Муҳаммад Аброриддинов (бокс), Мустафо Ахмедов (гуштини тарзи озод) барои ба даст овардани медали биринҷии Чемпионати Осиё бо 25000 сомонӣ;
Давлат Болтаев (бокс) барои ба даст овардани медали тиллои Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 22-сола бо 18750 сомонӣ;
Сумайя Қосимова (бокс), Акбаралӣ Абдураҳмонзода (бокс), Абдумалик Болтаев (бокс), Некрӯз Салимов (бокс), Шаҳбоз Ҳаитов (бокс), Муҳаммад Аброриддинов (бокс) барои ба даст овардани медали нуқраи Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 22-сола, Суннат Абдуллоев (гуштини юнонӣ-римӣ), Муҳаммадамин Абдуллоев (гуштини тарзи озод), Исо Нурмуҳаммадов (гуштини юнонӣ-римӣ), Анушервон Фозилов (бокс), Алиризо Баҳромов (гуштини тарзи озод) барои ба даст овардани медали нуқраи Чемпионати Осиё байни наврасон бо 12500 сомонӣ;
Ҳусния Холова (бокс), Малика Нозимова (бокс), Хусравхон Раҳимов (бокс), Расул Аҳадов (бокс), Юсуф Фозилов (бокс), Нурланбек Эрматов (бокс), Акмалҷон Абдуллоев (бокс), Фирӯз Мирзораҷабов (гуштини юнонӣ-римӣ), Нурулло Муродов (таэквондо) барои ба даст овардани медали биринҷии Чемпионати Осиё байни ҷавонон, Ҳангома Исоева (бокс), Руслан Ғафуров (бокс), Рустамҷон Ашуров (бокс), Ҳусейн Ҳасанов (гуштини юнонӣ-римӣ), Муҳаммад Абдуҳакимзода (гуштини юнонӣ-римӣ) барои ба даст овардани медали биринҷии Чемпионати Осиё байни наврасон бо 6250 сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.
Тибқи Низомномаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 20% маблағи пешбинишуда ба мураббиёни варзишгарон дода мешавад.
Беҳтаринҳои соҳаи варзишро дар соли 2022:
Беҳтарин варзишгар миёни калонсолон аз рӯи намудҳои олимпии варзиш:
Темур Раҳимов (ҷудо), барандаи медали тиллои Гранд Слами Боку, медали нуқраи мусобиқаи ситораҳои ҷудо дар Тел Авив, медали нуқраи Чемпионати Осиё дар Остона, се медали биринҷии Гранд Слам (Абу Даби, Тел Авив, Анталия);
Беҳтарин варзишгар миёни ҷавонон:
Эмомалӣ Нуралӣ (ҷудо), барандаи медали тиллои Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон дар Эквадор;
Беҳтарин варзишгар миёни калонсолон аз рӯи намудҳои ғайриолимпӣ:
Шавкат Раҳимов (бокси касбӣ), барои ба даст овардани унвони Чемпиони ҷаҳон (IBF);
Беҳтарин варзишгар миёни бонувон:
Жасмин Ан Нимр (бодибилдинг), барандаи медали тиллои Чемпионати ҷаҳон (дар Пҳукети Тайланд) ва Чемпионати Осиё (Малдив);
Беҳтарин дастаи варзишӣ:
Тими миллии футболи Тоҷикистон, ки аввалин маротиба дар таърихи футболи кишвар ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳхат гирифт;
Беҳтарин мураббии сол (миёни варзишгарони калонсол):
Суҳроб Абдураҳмонов – мураббии Темур Раҳимов;
Беҳтарин мураббии сол (миёни варзишгарони ҷавон):
Фаррух Собиров – мураббии Эмомалӣ Нуралӣ;
Беҳтарин федератсияи варзишии намудҳои олимпӣ:
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон;
Беҳтарин федератсияи варзишии намудҳои ғайриолимпӣ:
Федератсияи гуштини миллӣ – гуштингирии Тоҷикистон;
Беҳтарин шаҳри варзишӣ:
Шаҳри Душанбе;
Беҳтарин иншооти варзишӣ:
Маркази варзишии Академияи футболи Клуби итолиёвии «Ювентус»;
Варзишгарнавраси умедбахш:
Сомон Турсунзода (ҷудо);
Сомон Амонов (теннис ва бадминтон);
Эмомҳусайн Умаров – дорандаи сертификати ҷаҳонии рекорд бо қувваи дастсанҷӣ (отжиманий) (зиёда аз 5200-маротиба);
Жасмина Нурматова (гимнастика);
София Турсунзода (гимнастика);
Елизавета Стрелникова (гимнастика);
Беҳтарин муассисаи тарғибгари соҳаи варзиш:
Телевизиони «Варзиш»;
Беҳтарин шореҳи варзишӣ:
Раҳматшо Обидов (Телевизиони «Тоҷикистон»);
Алӣ Шариф (Телевизиони «Варзиш»);
Муродалӣ Тешаев (Телевизиони «Варзиш»);
Беҳтарин сохтори маҳаллӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш:
Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5 оид ба намудҳои бозиҳои варзишии шаҳри Душанбе;
Мактаби варзишии ноҳияи Роштқалъа;
Мактаби варзишии №1-и ноҳияи Ашт;
Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намуди волейболи ноҳияи Ҷаббор Расулов;
Мактаби варзишии ноҳияи Данғара;
Мактаби варзишии ноҳияи Панҷ;
Мактаби варзишии шаҳри Ваҳдат.