ШСК “Барқи тоҷик”: Қарзи истеъмолкунандагон 3,7 млрд сомониро ташкил медиҳад

Дар соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар маҷмуъ 16 млрд 293,0 млн. кВт. соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2021 дар ҳаҷми 367,7 млн. кВт. соат зиёд гардида, суръати афзоиш дар сатҳи 102,3% таъмин карда шудааст. Ин нуктаро раиси ширкати Барқи тоҷик Маҳмадумар Асозода зимни нишасти хабарӣ зикр дошт.

Ба таъкиди масъулини барқи тоҷик ҳоло як қатор ширкатҳо аз ҷумла ширкати “Алюминий тоҷик” беш аз 97 млн сомонӣ “Тоҷиккимиёсаноат” беш аз 6 млн сомонӣ “Сементи тоҷик” беш аз 10 млн сомонӣ ва Агентии беҳдошт ва обёрии замин 172 млн сомонӣ дар назди Ширкати барқи тоҷик аз неруи барқ қарздор ҳастанд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки қарзи аҳолии ҳам зиёд гардида, ба 139 млн сомонӣ расидааст. Қарзи умумие, ки дар низоми Барқи тоҷик вуҷуд дорад, 3 млрду 680 млн сомониро ташкил медиҳад.

Дар робита ба арзу шикояти сокинон дар мавриди зиёд гардидани маблағи қарзи барқ ва нуқс доштани ҳисрбаробаркунакҳо, масъулин иброз намуданд, ки то ба ҳол аз ҷониби намояндагони ширкати Барқи тоҷик  ягон  нуқсон дар ҳисобкунакӣ барқӣ ошкор нагардидааст. “Ҳисобкунаки барқӣ аз санҷиши стандарти давлатӣ мегузарад. Дар ҳолати пайдо гардидани шубҳа бояд шаҳрванд ба масъулин муроҷиат намояд,-таъкид гардид дар нишасти хабарӣ.   

Ҳамзамон, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дода шуд, ки дар соли сипаригардида ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 млрд 293 млн кВт. соатро ташкил дод. Ин нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботӣ дар ҳаҷми 367,7 млн кВт. соат зиёдтар аст.