Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар соли 2022 7512,9 млн долларро ташкил дод, ки нишондиҳандаи рекордӣ мебошад. Ин нуктаро имрӯз вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода зимни нишасти хабарии ниҳодаш баён дошт.
Завқӣ Завқизода инчунин афзуд, ки дар ин давра содироти мол 2330 млн доллар ва воридот ба 5182,9 млн доллар баробар гардид, ки нисбат ба соли сипаришуда 30,4 % зиёд мебошад. Гуфта шуд, ки дар соли 2022 Ситоди байниидоравӣ оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ таъсис дода шуд.
Ба иттилои вазир бо мақсади пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ вохӯрӣ ва гуфтушунидҳо бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ гузаронида шуд, ки дар маҷмӯъ 195 млн доллар маблағи грантӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷалб карда шуд.
Парвина Самандарзода
радиои “Тоҷикистон”