Донишҷӯёне, ки дар давраи таҳсил баҳои аъло гирифтанд ва дорои рафтори буданд аз ҳаққи пардохти маблағи шартнома озод карда шуданд. Чунин иттилоъро Абдухалил Ғафурзода, ректори А дар нишасти хабарӣ баён дошт.
Ба таъкиди ректори Академияи идоракунии давлатӣ нақшаи қабули донишҷӯён 110% иҷро шудааст. Ғафурзода гуфт, ки дар соли 2022 Раёсати робитаҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи табодули академӣ 68 нафар донишҷӯёни Академияро ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар сафарбар намуданд ва ҳайати устодону донишҷӯёни академия дар чандин чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмиллалӣ ширкат варзида, Академия бо 9 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ ёддошти тафоҳум ва созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.
Абдухалил Ғафурзода, ректори Академияи идоракунии давлатӣ ҳамчунин дар нишасти хабарӣ аз ифтитоҳи Шӯрои диссертатсионии академия ба хабарнигорон иттилоъ дод ва гуфт, ки аз рӯйи се – чор ихтисосе, ки дар Шӯро дифоъ шуда истодаанд аввалин Шӯро дар Тоҷикистон дониста мешавад.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки устодоне, ки дар Академия номзадии худро дифоъ мекунанд, аз ҷониби академия пайваста ҳавасманд карда мешаванд ва дар самти мубодилаи омӯзгорон бо донишгоҳҳои хориҷ низ корҳо хуб ба роҳ монда шуда, курсҳои такмили ихтисос мунтаззам гузаронида мешаванд.
Ба гуфтаи Абдухалил Ғафурзода, ректори АИД НПҶТ донишҷӯёне, ки бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд, аз ҷониби Академия ҳамаҷониба дастгирӣ карда мешаванд.
Ҳамчунин, иттилоот дода шуд, ки дар соли 2022 устодон кормандон ва донишҷӯёни Академия дар озмунҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд, ки шумораи баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, озмунҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ нисбат ба соли сипаригардида ба маротиб зиёд гардида, дар баробари ин дастовардҳо низ назаррас мебошанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2021 – 2022 109 нафар донишҷӯёну магистрантони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ ба аттестатсия роҳ дода нашудаанд.
Гуфта шуд, ки бояд дар соли 2021 – 2022 1268 нафар донишҷӯёну магистрантон Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ – ро хатм мекарданд, аммо 109 нафарашон бинобар напардохтани маблағи шартномаи таҳсил ва сафар ба хориҷа ба аттестатсия роҳ дода нашудаанд ва танҳо 1085 нафар академияро хатм кардаанд.
Парвина Самандарзода
радиои “Тоҷикистон”