Имрӯз, 13-уми феврал дар Кохи «Парфенон»-и пойтахт бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, самараи меҳнату талошҳои 35 нафар мураббиёну варзишгарони комёбу муваффақи кишвар, ки дар соли 2022 ба дастовардҳои баланди варзишӣ шарафёб гардидаанд, дар ҳузури иштирокчиёни чорабинӣ дар фазои тантанавӣ бо мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Ҳамзамон дар маросими ҷоизасупории соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар соли 2022 ғолибони озмуни ҷоизаи «Варзишгари беҳтарини сол», «Мураббии беҳтарини сол», «Мактаби варзишии беҳтарини сол», «Беҳтарин федератсияи варзишии сол», «Беҳтарин иншооти варзишии сол», «Беҳтарин шаҳри варзишии сол», «Беҳтарин васоити ахбори омма дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Беҳтарин сохтори маҳаллӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Шореҳи беҳтарини соҳаи варзиш» ва «Варзишгарнавраси умедбахш» дар соли 2022 муайян карда шуда, дар маросими ҷамъбастии чорабинии мазкур қадрдонӣ гардиданд.
Бояд қайд намоем, дар чорабинии мазкур муовини Сарвазири мамлакат муҳтарам Матлубахон Сатториён ва тамоми масъулини соҳаи варзиш иштирок доштанд.
Ps: Хабар такмил мешавад.