Ҷамшед Ғанизода, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон зимни нишасти хабарии ин Донишкада, изҳор намуд, ки имсол ба низомномаи озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” боз ду номинатсияи дигар, яъне санъати тасвирӣ ва дизайн ворид карда мешавад. Ба ақидаи Ғанизода, пеш гирифтани ин иқдом аз таваҷҷӯҳи хосаи Сарвари давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн дарак медиҳад.
Дар идомаи нишаст Ҷамшед Ғанизода, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон гуфт, ки соҳаи санъат соҳаи тахассусӣ мебошад ва аз ҳунарманд завқи баланду истеъдодро талаб мекунад, вале мутаассифона, дар соли 2022, 44 нафар донишҷӯён аз донишкада хориҷ карда шуданд. Сабаби ин ҳолатро Ҷамшед Ғанизода асосан ба тасодуфӣ омадани донишҷӯён тариқи Маркази миллии тестӣ, маънидод кард.
Ҳамчунин дар нишасти хабарии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон гуфта шуд, ки тайи ду се соли охир шумораи донишҷӯёни хориҷӣ дар донишкада кам гардидааст. Ба таъкиди Ҷамшед Ғанизода, айни замон дар Донишкада ҳамагӣ 17 нафар донишҷӯёни хориҷӣ таҳсил доранд, ки онҳо асосан аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошанд ва сабаби кам шудани донишҷӯёни хориҷӣ ин пандемияе мебошад, ки тамоми кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифта буд.
Маврид ба зикр аст, ки соли 2022 дар назди Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи милии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов Шӯрои муштараки диссертатсионӣ оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа аз рӯйи панҷ ихтисос таъсис дода шуд.
Ҳамчунин дар нишасти хабари зикр гардид, ки Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон имкони қабул ва ба таҳсил фаро гирифтани зиёда аз 3 ҳазор донишҷӯёнро дорад. Донишҷӯёни ин донишкада метавонанд, дар шакли рӯзона ва ғоибона дар ду баст, таҳсил намоянд.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои “Тоҷикистон”