Дар соли 2021 – 2022 109 нафар донишҷӯёну магистрантони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аттестатсия роҳ дода нашуданд. Дар ин бора ҳамкорамон Парвина Самандарзода аз нишасти матбуотии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Зимни нишасти хабарии Академия иттилоъ дода шуд, бояд дар соли 2021 – 2022 1268 нафар донишҷӯёну магистрантон бояд Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хатм мекарданд, аммо 109 нафарашон бинобар напардохтани маблағи шартномаи таҳсил ва сафар ба хориҷа ба аттестатсия роҳ дода нашудаанд ва танҳо 1085 нафар академияро хатм кардаанд.
Абдухалил Ғафурзода ректори АИД НПҶТ ҳамчунин иброз дошт, ки нақшаи қабул дар академия 110% иҷро шудааст. Ғафурзода гуфт, ки дар соли 2022 Раёсати робитаҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи табодули академӣ 68 нафар донишҷӯёни Академияро ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар сафарбар намуданд.