Имрӯз дар шаҳри Душанбе 35 нафар мураббиёну варзишгарони муваффақи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соли 2022 ба дастовардҳои баланди варзишӣ ноил гардидаанд, бо мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда мешаванд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Муҳаммадтолиб Шокирзода иттилоъ дода, афзудааст, ки ғолибони озмун барои ҷоизаи «Варзишгари беҳтарини сол», «Мураббии беҳтарини сол», «Мактаби варзишии беҳтарини сол», «Беҳтарин федератсияи варзишии сол», «Беҳтарин иншооти варзишии сол», «Беҳтарин шаҳри варзишии сол», «Беҳтарин васоити ахбори омма дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Беҳтарин сохтори маҳаллӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Шореҳи беҳтарини соҳаи варзиш» ва «Варзишгар- навраси умедбахш» дар соли 2022 муайян ва қадрдонӣ карда мешаванд.
«Дар заминаи сиёсати варзишпарварони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат соли шашум аст, ки ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалалии варзишӣ бо мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд карда мешаванд»,-гуфтааст Муҳаммадтолиб Шокирзода.
Ба иттилои бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии варзишгарон бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст 9 январи соли 2015 Фармон «Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ» ба имзо расида, шумораи ҷоизадорон дар соли аввал бисту як нафарро ташкил дод. «Мояи ифтихор аст, ки дар ҷумҳурии соҳибистиқлоламон ба рушди соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи варзишгарон эътибори махсус дода шуда, ҷиҳати пешрафти соҳаи варзиш шароити хуб муҳайё гардида истодааст. Ҷоизаи мазкур низ қобили дастгирӣ буда, шумораи гирандагони он сол аз сол зиёд мегардад», -иброз дошт ӯ.
Хотиррасон мешавем, ки Ҷоизаи мазкур аз ҳисоби Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардида, 568 ҳазору 750 сомониро ташкил медиҳад. Ҳаҷми як ҷоиза ба ҳар варзишгар ва мураббиёни онҳо аз 6250 то 50 000 сомонӣ аст.
Барандагони Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан онҳое мебошанд, ки дар риштаҳои бокс, гӯштини дзюдо, юнонӣ-румӣ, тарзи озод ва таэквондо ВТФ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ соҳиби медали тилло ва ҷойҳои намоён гардидаанд.