Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар соли 2022 бо 23 муассисаҳои таҳсилоти ооии касбӣ, созмону ширкатҳои хориҷӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ шартнома ва созишномаҳои тарафайн ба имзо расонидааст.
Дар ин бора ҳамкорамон Парвина Самандарзода аз ҷараёни нишасти хабарии Донишгоҳи технологӣ иттилоъ медиҳад. Ба иттилои манбаъ, ректори донишгоҳ Илҳом Амонзода зимни нишасти хабарӣ гуфтааст, ки дар доираи гранти молиявии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея ба донишгоҳ маҷмӯи таҷҳизоти техникӣ ҳамчун ёрии бебозгашт ба маблағи 1 483 170 сомонӣ тақдим карда шудааст.
Ҳамзамон дар соли сипаришуда ҳайати омӯзгорони донигоҳ соҳиби 4 патент оид ба ихтирооти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Патенти Авруосиёгӣ гардидаанд. Дар нишаст гуфта шуд, ки соли 2022 донишгоҳ миёни муассисаҳои олии касбӣ 4 зина боло рафтааст ва дар зинаи 8-ум қарор дорад.