2 феврали соли равон бо мақсади шиносоӣ бо рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, суҳбати озоду ошкоро бо беморон ва наздикону пайвандони онҳо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба Маркази тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” рафтааст.
Тавре Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар додааст, зимни боздид Абдуллозода аз рафти хизматрасонии тиббӣ дар ин марказ дидан намуда, инчунин бо наздикону пайвандони як қатор беморон суҳбати озоду ошкоро анҷом дода, аз онҳо доир ба сатҳи хизматрасонии тиббӣ пурсон шудааст.