Аз тарафи соҳибкорони ватанӣ ва аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо дар соли ба маблағи 242 млн. 279,9 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳои автомобилгард ва иншооти он иҷро гардидаанд, ки нисбат ба соли 2021, 2,14 маротиба зиёд мебошад. Дар ин бора Вазорати нақлиёт хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, соли 2022 нисбат ба соли 2021 таъмири роҳҳо 126,7%, таъмири пулҳо 91,7%, таъмири қубурҳо 85%, таъмири ҷорӣ 116%, кабудизоркунӣ 102,3%, нигоҳдории нақбҳо ва равшаннамоӣ 110,1%-ро ташкил додааст.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар соли 2022 офатҳои табиӣ ба 81,33 км роҳ, 3 пул (39 м) ва 3 облўлањо (32 м) ба маблағи умумии 2 млн. 370,5 ҳазор сомонӣ дар ҷумҳурӣ зарар расонида, 56,1 км роҳ ва 1 пул (18 м) ба маблағи 332,2 ҳазор сомонӣ аз ҷониби муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳои вазорат барқарор карда шуд.