Дар нишасти хабарии Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон қайд гардид, ки соли 2022 ба онҳо 10 муроҷиатнома вобаста ба зӯроварӣ ва поймол шудани ҳуқуқҳои занон дар оила ворид шудаанд.
Инчунин дар идомаи ин масъала дар ин нишаст гуфта шуд, ки мувофиқи маълумоти ВКД, ки ба Мақомоти Валокатдор оид ба ҳуқуқи инсон ворид шуданд, 5091 ҳазор муроҷиат аз ҷониби нозирони пешгирии зуроварӣ дар оила ва нозирони минтақавӣ баррасӣ шудааст, аз ин теъдод 858 адад зӯроварӣ нисбати мардон мебошад, ки асосан онҳо зӯроварии равонӣ ва иқтисодӣ мебошанд.
Дар нишаст Миҷгона Бобоҷонзода, муовини якуми Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки бо иқдоми Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2019 84 нафар кӯдак ва моҳи июли соли гузашта 146 нафар шаҳрвандони ҶТ аз Сурия ба Ватан баргардонида шудаанд, ки мақсади асосии ин иқдом раҳо кардани кӯдакони тоҷик аз бесарнавиштӣ ва ворид кардани онҳо ба ҳаёти осоишта мебошад.
Ӯ ҳамчунин гуфт, ки соли 2022 ба Мақомоти Валоколатдор оид ба вайроншавии ҳуқуқи кӯдакон 158 муроҷиатномаҳо ворид гардиданд, ки аз ин ҳисоб 44 муроҷиат хаттӣ ва 114 адад муроҷиатҳои шифоҳӣ мебошанд, ки аз 44 муроҷиати хаттии воридшуда 5 адад ва аз 114 адад муроҷиатҳои шифоҳи 14 адад ҳалли мусбати худро ёфтанд.
Сарвинози Саидвалӣ
радиои “Тоҷикистон”