Тайи ду соли ахир теъдоди донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур коҳиш ёфтааст. Коҳишёбӣ дар бахши таҳсилкунандагон тариқи шартномавӣ ба назар мерасанд.
Ин нукта зимни нишасти матбуотии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон баён шуда, ректори ин Донишгоҳ Усмон Маҳмадёрзода гуфт, ки дар ду соли ахир шумораи донишҷӯёни тариқи шартномавӣ таҳсилкунанда танҳо 2 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Сабабу омилҳоии камшавии донишҷӯёнро Усмон Маҳмадёрзода дар интихоби донишгоҳҳои хориҷ аз кишвар донист.
Гуфта шуд, донишгоҳ барои бештар кардани теъдоди донишҷӯён кушодани литсейи донишгоҳро зарур мешуморад. Ба таъкиди Маҳмадёрзода адади донишҷӯёни шаҳрвандони хориҷиро дар донишгоҳ 309 нафар хонда, иброз дошт, ки танҳо 8 нафар аз инҳо тариқи рӯзона таҳсил мекунанд, боқимонда тариқи фосилавӣ таҳсилашонро идома дода истодаанд.
Дар нишасти хабарӣ иттилоъ дода шуд, ки донишгоҳ чанде қабл бо давлати Корея созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст ва дар айни ҳол гуфтушунидҳо идома доранд. Дар асоси ин ҳамкорӣ байни донишгоҳҳои кишоварзии Корея ва ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур табодули таҷриба сурат мегирад. Ҳамзамон қайд шуд, ки донишгоҳ дар соли сипаригардида бештар ҳамкориҳояшро бо Федератсияи Русия, Олмон ва Туркия ба роҳ мондааст.
Парвина Самандарзода
радиои “Тоҷикистон”