Нимҳимоятгари 24-солаи тими мунтахаби Тоҷикистон Муҳаммадҷон Раҳимов бо бошгоҳи «Насаф»-и Қаршӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Дастаи «Насаф» дар мавсими нави Суперлигаи Ӯзбекистон баромад мекунад. Шартномаи Муҳаммадҷон Раҳимов бо «Насаф» то охири соли 2023 баста шудааст.
Қаблан футболбози тоҷик дар тимҳои «Равшан», «Ҳосилот» ва «Истиқлол»-и Тоҷикистон, инчунин дар «Ордабаси»-и Қазоқистон ҳунарнамоӣ кардааст.
Муҳаммадҷон Раҳимов аз соли 2016 инҷониб дар ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад. Дар ин муддат ӯ дар ҳайати тими миллӣ 42-вохӯрӣ анҷом дода, ба задани 2-гол даст ёфтааст.