Тими мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Чемпионати CAFA-2023 ба Тошканд сафар кард

Дастаи футзали занонаи Тоҷикистон зери роҳбарии мутахассиси эронӣ Мустафо Афшорӣ барои иштирок дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ба шаҳри Тошканди кишвари Ӯзбекистон сафар кард.

Ҳайати тими занонаи Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 14-футзалбоз – 3-дарвозабон ва 11-бозингар ташкил медиҳад.

Чемпионати CAFA-2023 оид ба футзал миёни дастаҳои футзали занона аз 27-ум то 30-юми январ дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад. Рақобатҳо миёни дастаҳо дар маҷмааи варзишии «Юнусобод» сурат мегиранд.

Дастаи занонаи Тоҷикистон дар ин мусобиқа бозии аввалашро рӯзи 27-уми январ бо мунтахаби Ӯзбекистон анҷом медиҳад. Дар даври дуюм рӯзи 28-уми январ футзалбозбонувони кишвар бо тими Эрон рақобат мекунад. Дар даври ниҳоӣ бошад, дастпарварони Мустафо Афшорӣ рӯзи 30-юми январ бо тими Қирғизистон вомехӯранд.

Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои мунтахаби занона аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари имтиёзҳо муайян мегардад.

Сорбон Амонуллозода

радиои “Тоҷикистон”