Донишгоҳи омӯзгорӣ омӯзгорони фанҳои химия, физика, риёзӣ,ҷуғрофия ва биологияро ба кор даъват менамояд

Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои омӯзгорони фанҳои химия, физика, математика, ҷуғрофия ва биология (дар гурӯҳҳои русиву англисӣ) ҷиҳати ба кор даъват намудан озмун эълон менамояд.

Гуфта мешавад, ба довталабони ғолиби озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки маълумоти зинаи бакалаврӣ доранд, барои таҳсил намудан дар зинаҳои магистратура ва докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) тариқи ройгон имтиёз дода мешавад.

Талабот: донистани забонҳои русиву англисӣ ҳатмӣ мебошад.

Довталабон барои супоридани ҳуҷҷатҳо ҷиҳати иштирок дар озмуни мазкур метавонанд ба Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ муроҷиат намоянд.

Эъзоҳ: Раёсати донишгоҳ вобаста ба 1 воҳиди корӣ маоши омӯзгорони унвондор, аз ҷумла доктори илм, профессор 4629 сомонӣ, номзади илм, дотсент 3386 сомонӣ ва ассистентро 1996 сомонӣ муайян намудааст.